|
Ғазалиёт
* * * Аз замон панди падар мешунавам,
Аз замин рози башар мешунавам.
Ахтари наҳс фузун аз саъд аст,
З-осмон бӯи хатар мешунавам.
Оламе пур шуда аз одами хушк,
Ин фиғон аз гули тар мешунавам.
Одами бегунаҳе нест, ки нест,
Бӯи дуда зи шарар мешунавам.
Ҷои бӯи ҷигар аз шеъру сухан,
Эй бадо, бӯи дигар мешунавам.
Камдилу нимадил афзун шудааст,
Аз чапу рост хабар мешунавам.
Ин чӣ дунёст, ки ҳар ҷо биравам,
Шикваи аҳли ҳунар мешунавам?! [1986]
|