|
Ғазалиёт
* * * Мулк сангистону мо бесангарем,
Сар ба сар сардору мо бесарварем.
Пунбадаргӯшем мову раҳбарон,
Чунки мо халқони пунбапарварем.
Фахри мо бошад сари Боми Ҷаҳон,
Хок бар сармон, ки бебому дарем.
Дар ҷаҳон бошад батарҳоле фузун,
З-он батарҳо чанду чандон бадтарем.
Соҳиби сарчашмаему ташнаем,
Соҳиби ганҷинаему абтарем!
Кони фарҳангему ҳангемон намонд,
Фахри торихему бепову сарем.
Кова куву кӯраи оҳангариш?
Монда муште нимаҷон сӯзангарем.
Дигаре гирад гиребони фалак,
Мо гиребони худиро медарем.
Дигарон бар ғосибон зӯроваранд,
Мо фақат бар асли худ зӯроварем.
Дар Душанбе – шаҳри бедарвозае,
Дар миёни акбарон мо асғарем.
Матни он батни ҳама олудагист,
Пойтахти тоҷикон чун бишмарем?
Дӯстии халқҳо! Нозам туро!
Мизбонему зи меҳмон кеҳтарем.
Дар маҳалбозӣ масал гардидаем,
Гарчӣ пайванди каёнӣ гавҳарем.
Аз чунин иллат бимирем анқариб,
Ки ту аз Фархору мо аз Фалғарем...
Кас напурсад то куҷо парвози ақл?
“Аз куҷоӣ?” – гуфта аз ҷо мепарем.
Бонувон чодар зи сар афкандаанд,
Лек дар фарҳанг зери чодарем!
Ғозии ҳар ғози пунба будаем
Пунба шоҳу камтаринаш чокарем.
Раҳ наҷуста то дили халқи диёр,
То дили Масков сад раҳ раҳ барем.
Нур не дар хонаи дилҳои халқ,
Гарчи мо як кишвари нурофарем.
Нест дар дил шӯру дар сарҳо шуъур,
Гарчи дар бешӯрӣ шӯри маҳшарем.
Дар амал бошад ҳама лангу качал,
Дар газоф аз ҳафт гунбад бартарем.
Дар чаҳи ҷаҳли мураккаб мондаем,
Содапиндорему содабоварем.
Гар замин пасту баланд аст осмон,
Мо на дар ину на дар он меҳварем.
Тоҷику эрониву афғон чаро?
Мо дар ин дунё, ки аз як модарем!
Пеши насронӣ мусалмонем агар,
Аз нигоҳи муслимин мо кофирем.
Ҳамтарози дигарон гар нестем,
Ҳамтарозуи кафи хокистарем.
Рӯзу шаб бедор шамси ховарон,
Мо зи хоболудагони ховарем.
Ҳазрати Иқбол, бар мо бад магир,
Мо агар дар хоби сакта андарем.
“Хез аз хоби гарон” – гуфтӣ, вале,
Дар Самарқанд ончунон беминбарем.
Дар Бухорое, ки даргоҳи дарист,
Бо даригуфторӣ берун аз дарем.
Нест миллатро зи бас якпорагӣ,
Пора-пора луқмаи шӯру шарем.
Реза-реза, шарҳа-шарҳа ҷисму ҷон,
Бори миллатро куҷо ҳам мебарем?
Мо тамоман нотамомем, эй дареғ,
Он наҷибулманзари беманзарем.
Кӯрҳои кӯрароҳем, оҳ, оҳ,
Бар сари худ пойлағзиш мех(в)арем.
Мо киёнем? Аз Каёнем? Осафо,
Тоҷдорони гадои афсарем... апрели 1990
|