|
Ғазалиёт
* * * “Ҷаҳон сар ба сар ҳикмату ибрат аст,
Чаро баҳраи мо ҳама ғафлат аст?”
Абулқосими ФирдавсӣТо кай ба дарду ҳасрат бимирем?
Боре зи торих ибрат нагирем?
То кай ба тиру шамшеру пархош
Тадбири дарди миллат пазирем?
Дар ганҷковӣ бепову дасте,
Дар кунҷковӣ ҳай беназирем.
Зиндағарибу мурданаҷибон,
Зиндасағиру мурдакабирем.
Андар шаҳомат, андар наҷобат
Дасти фақиру дашти кавирем.
Андар сиёсат, андар киёсат
Муште ақиму муште қасирем.
Дар рӯзи майдон майдонгурезон,
Бо соғару май пур хонашерем.
Аз каҳкашонӣ ногаҳ шаҳаншоҳ,
Аз подабонӣ ногаҳ вазирем.
Аз рустое берун нарафта
Аз Тоҷикистон дар Чин сафирем...
Муште туфола, муште забола
Ин ҷо амину он ҷо амирем.
То кай, худоё, то кай, худоё
Бахти ҷавонӣ нодида мирем? 13.03.1994
|