
|
Ғазалиёт
* * * Мо низ дар замони худ дилдода будаем,
Мафтуни холу хатти худодода будаем.
Бо он ҳама ғурури ҷавонӣ, ки доштем,
Дар хоки остонае афтода будаем.
Дар пеши чашми масти ӯ лолу фалакзада,
Аз дур ишқнома фиристода будаем.
Дар рӯ ба рӯ чу кӯдаки ҳайрону музтариб,
Аз дур дар балои ӯ омода будаем.
Бо он ҳама наҷобату ошӯби хуни гарм
Бисёр содадил ва ё худ сода будаем. [1982]
|