
|
Ғазалиёт
* * * Сар бибозам ба сарафрохтагон,
Ошиқам бо дили дилбохтагон;
Ошиқи ҷумлаи оташбозон –
Умрҳо сӯхтаву сохтагон.
Ошиқи он ҳама беханҷару теғ
Хуб шамшери сухан охтагон.
Ошиқи он ҳама андар раҳи умр
Қадри мардонагӣ бишнохтагон.
Ошиқи ҷумла пиёда зи ҳама
Як қадам пештаре тохтагон. [1972]
|