|
Ғазалиёт
* * * Хушбахт мурдае, ки ба ёди гуноҳи ӯ
Сад зинда зиндагӣ кунад андар паноҳи ӯ.
Қадри варо шинохта ҳатто зи баъди марг,
Тан дода ғусса мехурад нохайрхоҳи ӯ.
Бас бесару кулоҳгон пирӯзӣ мекунанд,
Дар сояи шафоати тарфи кулоҳи ӯ.
Дар гӯри сард хуфтааст, аммо ба сад ғирев,
Бар гӯши ворисон расад фарёду оҳи ӯ.
Роҳаш тамом гашта, валекин тамом нест,
Сад нотамом меравад бо рӯҳу роҳи ӯ.
Ором хуфтааст даруни лаҳад, вале,
Оромӣ нест дар сари оромгоҳи ӯ.
Гарчи надошт хонаи боназму бонасақ,
Олам ҳасад барад кунун бар хонақоҳи ӯ... [1986]
|