|
Ғазалиёт
* * * Гоҳ нолида сухан гӯяму гаҳ болида,
Гоҳ аз дида кунам шиква, гаҳ аз нодида.
Дар дили ман ҳама ҳасратзадагон мегирянд,
Ки начиданд сари вақт гули ночида.
Дар ҷабинам зи ғами ёр гиреҳ афтодаст –
Нусхае аз гиреҳи зулфи ба ҳам печида.
Ганҷи умрам ҳама якбора ба тороҷ бирафт,
Доду бедод аз он як нигаҳи шӯрида!
Чашми ҳар кас агар аз рӯзи сияҳ метарсад,
Чашми ман аз шафақи чашми сияҳ тарсида.
Ҳеҷ дузде ба ҷаҳон дуздӣ намекард, агар
Лаззате ёфта буд аз нигаҳи дуздида... [1982]
|