|
Ғазалиёт
* * * Эй асли девони ғазал, шод омадӣ, шод омадӣ,
Нақди дилу ҷон дар бағал шод омадӣ, шод омадӣ.
Бунёди ғамҳо сӯхта, ҷони маро афрӯхта
Бар қасди сад макру ҳиял шод омадӣ, шод омадӣ.
Бикшодӣ зулфи пуршикан, бишкастӣ сад армони ман
Эй кони айши бехалал, шод омадӣ, шод омадӣ.
Аз сафҳаи барги гулат хондам ғазалҳои дилат
Эй шоҳкори бебадал, шод омадӣ, шод омадӣ.
Дар олами шӯру мағал, дар арсаи ҷангу ҷадал
Эй дар малоҳат бемасал, шод омадӣ, шод омадӣ.
Дар базми гунгу кӯрҳо, дар хони талху шӯрҳо
Кандуи саршори асал, шод омадӣ, шод омадӣ.
Будам зи ҳастиям хиҷил, дар чоҳ монда по ба гил
Пирӯз бар фавҷи аҷал шод омадӣ, шод омадӣ.
Андар лабони ғунчасон пайке зи умри ҷовидон
Бар қасди марги бемаҳал шод омадӣ, шод омадӣ.
Бо ман даме даврон бирон, бо ман бигӯ, бо ман бихон,
Эй армуғоне аз азал, шод омадӣ, шод омадӣ. 26.09.1993 – Зумрад
|