|
Ғазалиёт
* * * Андоми бихрадон бувад андоми зиндагӣ,
Пайғоми бехудон бувад пайғоми зиндагӣ.
Гӯяд ҳар ахтаре, ки фурӯ уфтад зи чарх,
К-эъдоми шоирон бувад эъдоми зиндагӣ.
То он, ки марг нуқтаи таммат ниҳад ба умр,
Анҷоми ошиқӣ бувад анҷоми зиндагӣ.
Бо пову сар, ки медавӣ дар чорсӯи умр,
Бепову сар кунад туро айёми зиндагӣ.
Бо он, ки ком бурдаӣ аз талху шӯрҳо,
Коме набурда меравӣ дар коми зиндагӣ.
Бо он, ки ном ҷуставу номе гузоштӣ,
Номи ту ҳазм мешавад дар номи зиндагӣ. [1988]
|