|
Шеъри таърих
* * * Бӯалӣ – бихради накӯфарҷом
Рози дилро ба ду забон мегуфт.
В-он ҳакими нишобурӣ – Хайём
Дурри маънӣ ба ду забон месуфт.
Шоирон беш дузабон буданд:
Бо забони худу забони халқ,
Бо забони ҳақиқату дили худ
Шеър гуфтанду достони халқ.
Лек, афсӯс, дар ҳама айём,
Гарчи мардум закиву ҳушёранд,
Шоири дузабон чи кампайдост,
Шоирони дурӯя бисёранд... [1971]
|