|
Шеъри таърих
* * * Ҷавонмаргони шеъру шоирӣ!
Ҷавонмаргони илму донишу фарҳанг!
Чаро барвақт аз дунё гузаштед?
Сари сабзу забони сурхатонро,
Ҷавониву хушиҳои ҷаҳонро
Фидои як нафас туғёни эҳсосоти худ кардед,
Шумо афрӯхта сад машъали ҷовид,
дар ҳукми шарар мурдед.
Ҷавонмардон!
Ҷавонмардон!
Рафаэллову Лермонтов,
Дақиқиҳову Шоҳинҳо,
Маяковскию Байрону Лорка,
Ва Мосарту Петефиву Есенинҳо,
Ва Пушкинҳо, Гагаринҳо,
Ҷавонмарг ар намерафтед бо ҳукми худу даврон,
Ҷаҳон беҳтар ҷавон мешуд.
Гар, эй истораҳои аз фалак афтода, дар хоки сияҳ мурда!
Ба рӯи ин замини беситора ҷамъ мегаштед,
Замин кайҳо баланду покрӯ чун осмон мешуд. [1982]
|