Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Меню

Поэты классиков

Корпус Рудаки
Корпус Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Корпус Саади Шерози

Современные поэты

Курпус Лоика Шерали
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Поиск

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Книга наставление
Когда сочтут деяния твоей души и плоти,
Ты в судный день застрянешь, как тот осел в болоте.
Рудаки
www.termcom.tj
Сделать стартовой
Добавить в избранное
Пишите нам!
О сайте
 

Корпус Лоика Шерали
1941 - 2000


Шеъри таърих

АЛҚАСВА

Дар шаби меъроҷ
Пайғамбар ба даргоҳи худо рафт.
То биёрад хатти чак бар мардуми ҳамнавъи худ
Аз замин сӯи само рафт.

Дар шуои моҳи шаб ёли Буроқ
Зарҳалӣ буд.
То бари аҳли замин орад китоби осмонӣ
То фалак пар мекушуд.

Карда бас таййи мароҳил ёфт даргоҳи худо.
Дод Қуръонро худо баҳри расул.
Бозгашт ӯ бо китоби осмонӣ бар замин,
То кунанд аҳли замин онро қабул.
Бозгашта бар замин дид, эй аҷаб,
Дар тавила уштураш – Алқасва нест...
Ин кори кист?
Дар замине, ки ягона ӯ расули ҳақтаолост,
Уштураш – Алқасва нест?!?

Бонг зад пайғамбари мо,
Хашм кард.
Дӯстонро бонг зад: Алқасва ку?
То рамақ аз ҷонатон бошад, ҳама
Ҷустуҷӯ созед, ӯро, ҷустуҷӯ!

Зери лаб хандидаву дастак зада
Талҳаке мегуфт аз роғи даре:
Бо худо дар осмон дорад сари суҳбат, вале
Уштури худро намедонад куҷост...
Эй хушо пайғамбарӣ!...
Ҳаббазо пайғамбарӣ!...

[1982]

 
Новые статьи
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Масъалаҳои стандартсозӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Наши друзья
www.cit.tj - Школа информационных технологий и телекоммуникаций
ЗАО "Babilon-T"
Детский фонд "Ошёни баланд" имени М.Турсунзаде
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Республика Таджикистан, город Душанбе, х. Рудаки 33
тел: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj