Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Мӯҳтавои сайт

Адибони классик

Пайкараи Рӯдакӣ
Пайкараи Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Саъдии Шерозӣ

Адибони муосир

Пайкараи Лоиқ Шералӣ
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Ҷустуҷӯ

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Андарзҳо
Бе азми дурусту саъйи комил,
Касро нашавад мурод ҳосил.
Ахлоқи Мӯҳсини
www.termcom.tj
Ҳамчун саҳифаи шурӯъ пазируфта шавад
Ба руйхати интихобшуда (дӯстдошта) дохил намудан
Дар бораи сайт
Ба мо нависед!
 

Пайкараи Лоиқ Шералӣ
1941 - 2000


Шеъри таърих

ХАЙЁМ ДАР ҚАЪРИ УҚЁНУС

Олимони Амрико ва Фаронса сафинаи
мусофиркаши амрикоӣ “Титаник”-ро, ки
зимни сафари нахустинаш 73 сол муқаддам
дар Атлантикаи Шимолӣ ғарқ шуда буд, аз
қаъри чаҳорҳазорметраи уқёнус пайдо
карданд. Миёни сандуқҳои пур аз ҷавоҳироти
киштӣ дар як сандуқи фӯлодӣ тарҷумаи
“Рубоиёт”-и Умари Хайём низ будааст...

Сафина ғарқи дарё шуд.
Даруни он сафина як сафина –
Рубоиёти шӯрангези Хайёми суханвар буд –
Сафина дар сафина ғарқи дарё шуд.

Рубоиёти дунёгир дарёгир шуд, зеро
Дили Хайём андар синаи дарё
Тапидан дошт бо амвоҷи афкораш,
Тапидан дошт бо амвоҷи асрораш.

Чу ҳамзоданд аз рӯзи бино баҳру дили шоир,
Дили дарёи шоир
Ҳамнаво шуд бо дили дарё.
Ду дарё гӯиё андар
канори ҳамдигар буданд
Яке дарёи маъниҳо,
Яке дарёи обиҳо.
Вале дарёи маъниҳо
Фурӯтар буд аз дарёи обиҳо...

Нахустин бор дар арзи вуҷуди хеш
Рубоихон шуд уқёнус.
Рубоӣ хонду тӯфон кард,
Рубоӣ хонду туғён кард,
Зи бас андар ниҳоди ҳар рубоӣ шӯру исён аст,
Зи бас андар бисоти ҳар рубоӣ шӯри инсон аст.
Миёни ганҷҳои бешумора,
Дар ин дарёи нопайдоканора
беҳ аз сад махзани симу зару сад хирмани гавҳар
Рубоиёти оламгири Хайём,
Ҳама фитрат,
Ҳама тадбири Хайём
Башорат дода аз пояндагии хеш,
Ба қаъри баҳр баҳра бурдаанд аз зиндагии хеш.

Ва аз шеъру сухан ҳам
хости шоир чунин буда,
Ки рӯзе аз саро то бар Сурайё
ва ё дар рӯи хоку дар дили дарё
диле уммеди рӯзи хуштаре ёбад,
ба даргоҳи дили дунё даре ёбад.
Чу андар чор сатри ҳар рубоӣ
Чор унсур аз азал пайдост,
Чу андар чор сатри ҳар рубоӣ
Чор самти олами паҳност,
Миёни ин ҳама сардаргумиҳо
Зи ҳар сатри рубоӣ зиндагӣ самти раҳе ёбад,
Ва ё андар кушоди мушкилоташ чорае ёбад.
Бад-ин уммед донӣ дар дили пуршӯри уқёнус
Диле гарми тапидан буда беором –
Дили Хайём
зидди зумраи манҳуси оламсӯз.

[1986]

 
Мақолаҳои охирин
Озмуни сомонаи беҳтарин бахшида ба 100 солагии Мирзо Турсунзода
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Дӯстони мо
www.cit.tj - Мактаби технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ
ҶСТП Babilon-T
Хазинаи кӯдакони 'Ошёни баланд' ба номи МирзоТурсунзода
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе х. Рӯдакӣ 33 tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj