|
Модарнома
* * * Ниҳодам дастаи гул ин саҳар рӯи мазори ту,
Гуле аз орзуҳои ҷавонию баҳори ту.
Намегунҷад ягон дар гӯшаи хобу хаёли ман,
Ки ин оромгоҳи тусту хатми рӯзгори ту.
Қарореро намедонистӣ дар рӯи замин умре,
Чӣ сон дар зери хок осуд ҷони беқарори ту?
Чӣ дунёе, ҳамин дирӯз бар ман фотиҳа додӣ,
Ки ҳар ҷое равам, бошам ба ҷои ёдгори ту,
Кунун имрӯз гӯратро зиёрат мекунам, модар,
Агарчи нест дигар дар раҳам чашмони чори ту.
Ба пои турбатат биншаста, ҷӯи ашк сар додам,
Ки рӯяд сабзаву гул бар мазори хоксори ту.
Бихондам сурае ҳам, то ки рӯҳат шод гардонам,
Ки шояд бишнавад оҳи маро парвардгори ту.
Ту азбаски малак будӣ дар ин дунё, дар он дунё
Худо омурзгори ту, малоик низ ёри ту.
Ту бо пурсандаҳо он ҷо мадоро кун барои ман
Ба уммеде, ки оям низ рӯзе бар канори ту... [1988]
|