|
Модарнома
* * * Модарам, бо ташнаҷонӣ ёд меорам туро,
Модарам, бо дилгаронӣ ёд меорам туро.
Дар муҳити ҳамзабонони забонгумкардаам
Чун наёбам ҳамзабонӣ, ёд меорам туро.
Чун ту ҳам бигзаштиву умри ҷавонӣ ҳам гузашт,
Ҳамчу даврони ҷавонӣ ёд меорам туро.
Дар ҷаҳони танги кӯҳистон гузаштӣ аз ҷаҳон,
Дар сафарҳои ҷаҳонӣ ёд меорам туро.
Ҳар гаҳе дар худ фурӯ монам ва ё худ лаҳзае
Сахт гирад зиндагонӣ, ёд меорам туро.
Ёд меорам туро, чун ёди ту ёди ман аст,
Чун ту асли асли ҷонӣ, ёд меорам туро. [1988]
|