|
Модарнома
ҲАСРАТ Ту дигар ба пешвозам дами дар намебароӣ,
Ту дигар ба лаҳҷаи худ бари ман намесароӣ:
“Писари азизам омад,
Писари ғазалнависам омад”.
Ту дигар наметавонӣ, ки миёни пиразанҳо
Зи ман ифтихор созӣ ба ҳазору як таманно:
“Писари азизам омад,
Писари ғазалнависам омад”.
Ту дигар фирор кардӣ ба ҷаҳони сарду хомӯш,
Ту дигар намекушоӣ ба наберагонат оғӯш,
Ки диҳӣ дуои иқбол,
Ки бибахшӣ неруи пару бол.
Зи канори хок будӣ, ба канори хок рафтӣ,
Зи деҳи Мазор будӣ, ба мазори пок рафтӣ,
Шудӣ ёди ҷовидонӣ
Ба мадори бемадори зиндагонӣ.
Чу ба хонаат дароям, ҳама бӯи дард ояд,
Дили ман ба дард ояд зи хурӯҷи дардҳоят.
Шунавам фиғони шабҳот,
Зи ба ҳам фишурда лабҳот.
Чу ба ёд оварам ман ҳама он азоби ҷонат,
Табу сӯзи устухонат, фалаҷи аҷалнишонат,
Қаламам фалаҷ шавад зуд,
Ҳама ҳастиям кунад дуд...
Зи тавофи кулбаи ту дили ман зи ҳам бирезад,
Ба ҳама ҷаҳон ситезад писари ғазалнависат,
Ки куҷост модари ман,
Ки куҷост модари диловари ман?
Писари ғазалнависат акнун ғазали азо бигӯяд,
Ғазале агар бигӯяд, ғазали туро бигӯяд,
Ки куҷост модари ман,
Ки куҷост давлати сари ман?
Ту куҷоӣ модари ҷон, паси дар намебароӣ,
Ва дигар ба шеваи худ бари ман намесароӣ:
“Писари азизам омад,
Писари ғазалнависам омад...” [1985]
|