|
Модарнома
ҶАВҲАРИ ҲАСТӢ Аз сари пистони ту сар мешавад шӯри ҳама,
Аз сари дастони ту пайроҳаи дури ҳама.
Аз дили ту сар шавад дарёдилӣ,
Қобили сурат шавад обу гиле,
Чашми бедори ту моро бахти бедор оварад,
Ҷунбиши гаҳвора ёд аз чархи даввор оварад,
Домани бахт аст аз домони ту,
Дил басомон аст аз сомони ту.
Сӯзани ту аз сутуни қасри тилло қимат аст.
Рӯи нуронии ту аз рӯи дунё қимат аст.
Бе ту хуш фоле намонад дар ҷаҳон,
Ҷои ту холӣ намонад дар ҷаҳон... [1980]
|