|
Модарнома
МОДАРИ БЕЧОРА Дар миёни кӯҳсорон
Бо навои обшорон,
Бо сафои чашмасорон,
Бо суруди боду борон,
Бо дуруди навбаҳорон
Ҷон ато кардӣ маро,
Ҷон ато кардию худро костӣ.
Рӯзу шабҳо дар сари гаҳвораи ман,
Модари ман, модари бечораи ман.
Аз паи рӯзӣ давида,
Хӯшаҳоро чида-чида,
Талху шӯриҳо чашида,
Ранҷи дунёро кашида,
Ганҷи дунёро надида,
Дил ато кардӣ маро
Дил ато кардию худро костӣ,
Рӯзу шабҳо дар сари гаҳвораи ман,
Модари ман, модари ғамхораи ман,
Мадари ман, модари бечораи ман.
Бо дуои осмонӣ
Додӣ меросам ҷавонӣ,
Ошиқию дилситонӣ
Шоирию ҷонфишонӣ,
Ҳам давоми зиндагонӣ.
Умр бахшидӣ маро,
Умр бахшидию худро костӣ,
Рӯзу шабҳо дар сари гаҳвораи ман,
Модари ман, модари ғамхораи ман,
Модари ман, модари бечораи ман. [1980]
|