|
Модарнома
РОҲНИШИН Дар сари роҳ аст гӯрат, модари ғамкуштаи ман,
Шеъри дарду оҳи ҷонам, байти хуноғуштаи ман.
Бигзаранд аз паҳлуи ту мардумон
Гоҳ боло, гоҳ поён,
Гаҳ савора, гаҳ пиёда
Бо такопӯи зиёда.
Он яке омин кунад сӯи мазорат,
Модараш гуфтӣ, ки бошад ҳамҷаворат.
Дигаре парвои сад маҳшар надорад,
Гӯиё модар надорад...
Он яке гардунааш гардуннавард аст,
Сар ба гардун судааст.
Дигаре байни замину осмон
Будаи нобуда аст.
Бигзарад аз паҳлуи ту
Ҳар касе, ки бехабар аз захми носури дил аст.
Бехабар аз он, ки гӯрат гӯри як мушт устухон нест,
Гӯри ту гӯри тапишҳо, гӯри ту гӯри Дил аст...
Ҳар гаҳе оям тавофи хоки ту,
Чашмҳоят аз даруни гӯр сӯям бингаранд.
Хонда печонхатти ожанги ҷабин,
Аз ҷаҳон суду зиёнам бишмаранд.
Чашм пӯшидӣ агар аз зиндагонӣ
Сӯи ман боз аст чашми интизорат.
Сӯи ман гирёну пазмон боз бошад
Чашми чорат аз мазорат...
Модари ғамкуштаи ман, гарчи дар зери заминӣ,
Боз ҳам дар зери гардун роҳпою раҳнишинӣ... [1989]
|