|
Ман намемирам
ДАР ЁДИ ШАРАФ Оҳ, маҳзунам, ки дар айёми фатҳи осмон,
Дар замоне, ки фалакпаймо ба сӯи Моҳ рафт,
Шеъри ман аз сафҳае берун наёмад ҳамчу нақш,
На забони ошиқе шуд, на ба ҳар дилхоҳ рафт.
Медавад даврон чунон барқи ҷаҳанда, нурвор,
Ман ҳамоно оҷизам дар тозабайте сохтан.
Гӯиё симурғпарвоз аст давронам, вале
Ман ҳамоно кундрав дар роҳи сар афрохтан.
Нестам ҳарчанд ман аз бахту толеъ бенасиб,
Гарчи аз озору андӯҳе наям озурдаҷон,
З-он ки давронро нагуфтам мисраи шоистае,
Хешро хонам ҷавони бебароре, дӯстон.
На, бас акнун ёвагӯӣ...
Бош, соз арзи вуҷуд.
Эй ту хишти хом, ҳар ҷо ҷӯй оташхонае,
Сӯз бо ёди шараф дар кӯраи ташвишҳо,
Мисли он ошиқ, ки сӯзад дар ғами ҷононае.
Дар булӯри дидагон, дар чеҳраи дилдодагон,
Дар нигоҳи кӯдакон...
Алқисса, ҳар ҷо бингарӣ,
Достону достону достон...
Инак, қалам!
Бо сухан аз рег соз ойинаи искандарӣ!
Як-ду мисраъ шоирӣ не, нест як гул ҳам баҳор,
Шодии якрӯза бахти ҷовидонӣ нест, нест.
Пок кардан доғи рӯи Моҳро бо шеъри хуб –
Шоиро, ин аст мақсад! Баҳри ин боист зист!
Эй дили пурорзу, аз рангҳои тозае
Сафҳаи рангин ба номи зиндагӣ пардоз, дунё бо умед!
Кош аз сад байт як байтат шавад вирди забон
Аз сари меҳру садоқат рӯзи Фардо, рӯзи ид! 1963
|