Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
محتوای سایت

شاعران کلاسیک

پیکرة رودکی
پیکرة مولانا

شاعران مدرن

پیکرة لایفق شیرعلی
جستوجوی

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
اندرز ها
بی عظم دروست و سعی کامل،
کسرا نشود مراد حاسیل.
سعدی
www.termcom.tj
همچون صحیفة شروع پذیرفته شود
به روی خت شبکه انتخاب شده (دوست داشته) داخل نمودن
در بارة سایت
به ما نویسید
 

پیکرة لایق شیر علی
1941 - 2000


Ман намемирам

ДИЛ

“Агар ҷаҳон битаркад, таркишҳои он
аввалқадам аз дили шоир мегузаранд”.

Аз муҳаббат то маломат,
Аз садоқат то хиёнат,
Аз замин то осмон,
Аз осмон то ресмон,
Дар сари як мӯй кардӣ дорбозӣ
Аз барои корсозӣ.

Шишаӣ ту, лек бо амри зарурат,
Шишаи ту сангу сандонро шикаст.
Андаруни синаӣ, монанди мушт,
Мушти ту сад қуфли зиндонро шикаст,
Тори ту бигсехт ҳар ҷое таноби дорро,
Меҳри ту позаҳр шуд ҳар гоҳ заҳри морро.

Баҳри марди корзорӣ, дар даме, к-ӯ буд танҳо дар набард,
Будаӣ як охирин тир, охирин гурзу сипар.
Будаӣ андар раҳи бахтозмоиву мурод
Охирин раҳвор бар марди сафар.

Бар биёбонгарди сармохурдае,
Будаӣ чахмоқсанг.
Будаӣ ҳам довари якрӯй ту
Дар раҳи номусу нанг.
Баҳри безурёти беворис ба даҳр,
Будӣ фарзанди нахуст.
Баҳри ҳар ҷӯяндаи раҳгумзада
Будаӣ роҳи дуруст.

Соли қаҳтӣ баҳри деҳқон охирин дон будаӣ,
Бенавою гушнагонро охирин нон будаӣ.
Дар замони хушксолӣ бар замин
Охирин як панҷа борон будаӣ.

Ҳар куҷое, ки замин таркид, таркидӣ ту ҳам.
Ҳар куҷое, ки замин ларзид, ларзидӣ ту ҳам.
Бо замини пурсукути серташвиш
Рӯзу шаб гирди сари хуршед чархидӣ ту ҳам.

Даргирифтӣ, ҳар куҷое хонае гар даргирифт,
“Ҳайфи рӯи беғуборат, чанги хокистар гирифт”.
Гар фитод исторае аз осмон, армони ту
Домани Модар-Заминро боз муҳкамтар гирифт.

Гаҳ шудӣ сӯрох аз тир,
То гузашт аз он давоми зиндагӣ бар дигарон.
Гаҳ шудӣ об он қадар,
То ҳама шодоб шуд боғи висоли дилбарон.
Гӯиё айём бо зарби ту гардиш мекунад,
Ҳар нафас андар ту қоим сад қиёмат мешавад.
Гар пари Икар шикасту монд сайраш нотамом,
То кунун захмаш ба хуни ту табобат мешавад.

Рӯзи парвози Гагарин бар фалак,
Ҳамраҳаш парвоз мекардӣ ту ҳам.
Рӯзи марги он ҷавонмарги бузург,
Гӯиё аз ғусса мемурдӣ ту ҳам.

Ёдгорони бузургон аз барои наслҳо,
Эй Дили дардошно!
Он қадар афрӯхтӣ, к-аз худфурӯзиҳои ту,
Шуд тамоми гӯшаҳои зиндагонӣ шуълабор.
Сӯхтӣ он қадр, к-аз ту Оташи ҷовид монд.
Он қадар мурдӣ, ки аз ту монд Кохи ёдгор...

[1971]

 
مقاله های آخرین
آیندة تاجیکستان
پایه های گستریش زبان ملّی.
قائده های سزیش.
زبان علمی و زبان ادبئ ملّی.
مسعله های استاندارت سازی .
زبان رکن اساسی ترین دولتداری اس .
دوستان ما
www.cit.tj- مکتب تکنلوژیه های اطلا عاتی و ارتباطی
ج س ت پ ببلان- ت
خزینة کودکان «آشیان بلند» به نام میرزا تورسون زاده
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj جمهرئ تاجیکستان، شهر دوشنبه، خیابان رودکی ۷۶۴۰۲۵