|
Ман намемирам
* * * Шеър гӯям, ошиқе чун арзи дил
Бехгӯшӣ баҳри ёре хонадаш.
Баҳри таскини дилу таскини рӯҳ
Ошиқи шабзиндадоре хонадаш.
Шеър гӯям бо табутоби зиёд
Шеър гӯям бо тамоми ифтихор,
Ё шавад гулчанбаре бар рӯи гӯр,
Ё шавад гулдастае аз баҳри ёр.
Шеър гӯям, то бидонанд аҳли дард
Дарди онҳо дар дили ман бештар.
Шеър гӯям, то бидонанд аҳли дил
Аз дили онҳо дили ман рештар... [1975]
|