|
Ман намемирам
* * * Ман зиндаам ба хотири дидори орзу,
Ман зиндаам ба хотири ёри хаёлиям
Ман зиндаам ба хотири он ишқи сармаде,
К-орад паёми дилфиреб аз безаволиям.
Ман зиндаам ба хотири бахти наёфта,
Ман зиндаам ба хотири роҳи нарафтаам.
Ман зиндаам ба хотири ишқи набохта,
Ман зиндаам ба хотири шеъри нагуфтаам.
Ман зиндаам ба хотири он рӯзҳои баъд
То зиндаам ба даҳр, кашандам ба сӯи хеш,
Ман зиндаам ба хотири он чашмаҳои ҳусн,
К-овозашон шунидаам дар орзуи хеш.
Ман зиндаам ба хотири ноҷустаҳои дил,
Ман зиндаам ба хотири нашнидаҳои хеш.
Ман зиндаам ба хотири дурии дуриҳо,
Ман зиндаам ба хотири нодидаҳои хеш... [1975]
|