Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
محتوای سایت

شاعران کلاسیک

پیکرة رودکی
پیکرة مولانا

شاعران مدرن

پیکرة لایفق شیرعلی
جستوجوی

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
اندرز ها
هر، که ناموخت از گزشت روزگار،
نیز ناموزد ز هیچ اموزگار.
رودکی
www.termcom.tj
همچون صحیفة شروع پذیرفته شود
به روی خت شبکه انتخاب شده (دوست داشته) داخل نمودن
در بارة سایت
به ما نویسید
 

پیکرة لایق شیر علی
1941 - 2000


Ман намемирам

НАМАКИ ХАЛҚ

Гарчи шоир минбари виҷдони халқ аст,
Гарчи шоир ровии армони халқ аст,
Нони шоир аз сухан не,
Нони шоир нони халқ аст.

Халқ мехоҳад, ки дар шеъру сухан
Ахтари иқболи ӯ тобон шавад.
Халқ мехоҳад, ки рӯи сафҳае
Ғунчаи армони ӯ хандон шавад.
Шоире гар соҳиби девон шавад, дарёфт нест,
Халқ бояд соҳиби девон шавад.
Дар радифи ин Зафарободу Файзободҳо
Як Суханобод ҳам бунён шавад –
Як Суханобод – шаҳри ростӣ,
Шаҳре аз виҷдону ҳиммат,
Аз муҳаббат, аз саодат!

Баҳри ин дар тӯли ҳар даҳсолаю садсолаҳо
Дар ҷабини шоири андешаманде
Ҷумла фикру дарду табъу завқи худро,
Ҷумла эҳсоси дақиқу шодию ҳам шавқи худро,
Бо чи ниййатҳо таҷассум мекунад
То ба ҳаққи он ҳама нону намак
Шоираш гӯяд каломи бонамак...

Халқи мо аз батни модар шоир аст,
Шоири аз кулли шоирҳои дунё қодир аст,
Лек гарчи Рӯдакию Ҳофизу Хайёмҳояш будаанд,
Лек гарчи Айниву Лоҳутиву Мирзои Турсунзода дорад,
Боз ҳам дорад ба шоир эҳтиёҷ,
Шоире, то шеърҳои гуфтаву ногуфтаашро
Боз гӯётар бигӯяд,
Боз бурро,
Боз гиро,
Боз аълотар бигӯяд!

Гарчи ҳар дам
Аз таҳи ҳар санги Кӯлобу Хуҷанд,
Аз таҳи ҳар санги Масчоҳу Ҳисору Рашту Дарвоз
Байт мерӯяд чу торон,
Шеър месабзад ба сони сабзаҳои навбаҳорон
Бо рубоӣ мебарояд кишти деҳқон,
Бо дубайтӣ медурахшад ҳусни инсон,
Гарчи ҳар дам –
Аз замини сахти кӯҳистон сухан сар мезанад,
Дар фазои танги кӯҳистон сухан пар мезанад,
Халқи шоиртабъи мо
Боз ҳам дорад ба шоир эҳтиёҷ,
Шоире то эътибору шуҳраташро баҳри ҳар инсон бигӯяд,
Аз замин то торами кайҳон бигӯяд.

Халқи шоирзоди мо
Месарояд шеъри худро
Дар намуди пунбазорон, ки беҳ аз шеъри сафед аст,
Дар намуди барқи Норак, ки умеди равшани ӯст,
Дар намуди ҳар ниҳоле, ки бараш ишқу умед аст.
Киштзоронаш, ки дон бастанд, “Девони кабир”-анд.
Ҳосили уммеди мардони кабиранд.
Месарояд шеъри оламгири худро
Бо каланду белу мисрон,
Бо сипору пойдосу доси деҳқон
Шеъри хокӣ, шеъри лалмӣ, шеъри обӣ,
Шеъри деҳқонӣ – суруди офтобӣ...

Лек бо ин табъи яздонии худ
Боз ҳам дорад ба шоир эҳтиёҷ,
Шоире, то меҳнати ӯро ситояд,
Шоире, то қудрати ӯро ситояд.
Шоире пайваста гар шеъри замонгираш нагуфт,
Достоне лоиқи рӯҳи ҷаҳонгираш нагуфт,
Дар ҳақи нону намак гар гуфт шеъри бенамак,
Он намак бешубҳа кӯраш мекунад,
Нони халқаш мезанад.

[1978]

 
مقاله های آخرین
آیندة تاجیکستان
پایه های گستریش زبان ملّی.
قائده های سزیش.
زبان علمی و زبان ادبئ ملّی.
مسعله های استاندارت سازی .
زبان رکن اساسی ترین دولتداری اس .
دوستان ما
www.cit.tj- مکتب تکنلوژیه های اطلا عاتی و ارتباطی
ج س ت پ ببلان- ت
خزینة کودکان «آشیان بلند» به نام میرزا تورسون زاده
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj جمهرئ تاجیکستان، شهر دوشنبه، خیابان رودکی ۷۶۴۰۲۵