|
Ман намемирам
* * * Замони беғубори баччагиям
Аҷаб ғамхорҳое доштам ман.
Ба тоқӣ, дар гиребон, ҷилди болишт
Аҷаб тӯморҳое доштам ман.
Наёбам то газанд аз заҳри морон
Яке дандони морам буд тӯмор.
Дигар аз чашми беоҳуи оҳу,
Ки аз чашми бадам бошад нигаҳдор.
Яке тӯмор нохунпорае буд
Зи чанголи уқоби осмонгир –
Нигаҳбон аз қазои осмонӣ
Ҳам аз парвози пасти мурғи тақдир.
Яке аз ашки гургам буд тӯмор –
Балогардони ман аз ашки гургон.
Дигар аз чанги хирсам бозубанде –
Зи чанги тези хирсонам нигаҳбон.
Беҳин тӯмори ман буд яккатире
Хаташ бо шеър андар ҷилди адрас.
Ба як тӯмор буд ҳам тир, ҳам шеър
Ки гирад пеши роҳи тири нокас.
Замони беғубори баччагӣ рафт
Ба он дунёи пурмеҳру навозиш.
Ҳама тӯморҳоро бурд гӯӣ
Ба тоқӣ, дар гиребон, ҷилди болиш.
Бирафту ҳеҷ натвонист аз роҳ
Ягон тӯмор бозаш дорад, афсӯс.
Ҳама тӯморҳоро бурд, лекин
Фақат тӯмори тирам монда имрӯз.
Варо дар ман набинад ҳеҷ чашме,
Ҳамоно он бувад чун савлати ман.
Валекин мекунам эҳсос ҳар бор,
Ки ӯ дар ман бувад чун давлати ман.
Валекин мекунам эҳсос ҳар бор –
Вуҷудам ғарқа дар фавҷи хатоҳост,
Бидон, ки шеъри ман монанди тӯмор,
Нигаҳдори ман аз мавҷи балоҳост. [1979]
|