|
Ман намемирам
* * * Агар хоҳӣ, ки навмедам набинӣ,
Бикун боре ба ман мушкилкушоӣ.
Маро як умри бемарге ато кун,
Ба ман омӯз расми бефаноӣ.
Агар хоҳӣ, ки дар шеърам набинӣ,
Хазонҳоро чу ранги рӯйзардон,
Ба тобистон масӯзон сабзаҳоро,
Хазонҳоро якояк сабз гардон.
Чаро таънам занӣ бар бехудиҳо?
Агар мардӣ, агар бисёр мардӣ,
Бикун ҳамвор аввал роҳҳоро,
Бихоҳ аз ман сипас ҳамворгардӣ! [1979]
|