|
Ман намемирам
* * * Ҳарчанд ки вопеш равонам ба раҳи умр
Бо дилнигаронӣ ба қафо менигарам боз.
Лахте дилу ҷон бурда зи ман умри гузашта,
Бар умри хаторафта хато менигарам боз.
Ҳар рӯз, ки бигзашт ба сад фанду ба сад панд,
Некӯ нигарам буд, барои дили ман буд.
Чун бахт, ки як ояду қадраш нашиносем,
Ҳар рӯзи хатохурда хатои дили ман буд.
Як рӯз ба парвоз чу мурғони фирорӣ
Бо таҳлукаи талх зи болои сарам рафт.
Як рӯз чу мӯре, ки кашад дона ба хона,
Бо пайраҳаи танг зи пеши назарам рафт.
Як рӯз чу хуршеди паси абри ситабре
Бетобишу бегармӣ паси кӯҳ билағжид.
Як рӯз чу ёрони забонсозу замонсоз
Сад ваъда бубахшиду яке ком набахшид.
Он рӯз фақат рӯзи хушам буд, ки дар дил
Як шуъла барафрӯхтаву тобутабам дод.
Он рӯз фақат рӯзи хуши умри сарам буд –
Рӯзе, ки ба рӯзи дигар уммеди навам дод... [1979]
|