|
Ман намемирам
ШЕЪРЕ ДАР БЕМОРИСТОН Паси шиша дарахтон ҷумла урёнанд...
Чунин дарёфтам: гӯӣ ҳама аз даст хоҳад рафт,
Ду чашмам баста хоҳад шуд зи дунёи пурафсона.
Замин аз зери поям мегурезад,
Само меуфтад рӯи сарам чун боми вайрона.
Хаёлам, хома аз дастам биафтод,
Тапишҳои ҷунунангез андар синаам хушкид.
Хаёлам, аждаҳои марг
Даври пайкарам печид.
Хаёлам, кокулони ёр лағжид аз кафи дастам,
Хаёлам, зулфи маҷнунбед рӯи гӯри ман хам шуд.
Хаёлам, (гарчи механдед, эй мардум!)
Зи базми шоирони Тоҷикистон шоире кам шуд.
Замину осмонҳоро видоъ гуфтам,
Видоъ гуфтам маҳу хуршеди анварро.
Видоъ гуфтам ба ёре, ки пас аз ман боз
Парешон мекунад зулфи муанбарро.
Ҷаҳонро гӯӣ бо як қатра ашки сард
аз чашмам биафшурдам,
Ба як он ёд кардам дидаву бишнидаҳоямро,
Ҳама шеъру суруди норасоямро,
Ҳама саҳву хатоямро.
Шуморо ёд кардам бо ҳама фарзу яқини дил –
Шуморо, ки бароям некиҳои беҳаде кардед.
Шуморо ҳам, ки бо ман ҳамназар будед,
Шуморо ҳам, ки баҳри ман бадӣ кардед!
Ба дил гуфтам: агар ин бор амон ёбам,
Ба дунё гар насиби зиндагӣ бошад дигар борам,
Аз ин пас то даруни синаам дил ҳаст,
Дили мӯре наёзорам...
Паси шиша дарахтон муғҷа бастанд... [1982]
|