|
Ман намемирам
* * * Эй Табиат!
Рӯзи дафнам
Боз як он зиндаам кун,
То бидонам, дӯстонам дар чӣ ҳоланд,
То бигӯям, дар азои ман наноланд.
Як назар то бинам аз аъдои ман
Кист дар худ шодмон аз мурдани аъзои ман.
Бингарам, аз душманонам
Кист ҳозир дар сари тобуту мегиряд зи шодӣ –
Заҳрханде баҳри ӯ тақдим созам,
В-аз сари тобути худ дураш биронам...
Бори дигар бингарам бар чашми ёрам,
Пас равам осуда бар кунҷи мазорам. [1988]
|