|
Ман намемирам
* * * Ман, ки мурдам, ба рӯи турбати ман
Нутқҳои дароз кам гӯед.
Монда айнак ба чашму аз коғаз
Шарҳи сӯзу гудоз кам гӯед.
Чун бигӯед бо забони дароз
“Дар дили мост зинда ҷовидон...
Мурд Лоиқ, валек ашъораш
Зинда монад, ҳаме забон ба забон...”
Андаке сабр! Нек андешед!
Ки шумо худ дилу забон доред?
Як таҳаммул кунед бекоғаз,
Ки шумо худ магар нишон доред?
Чист бонги баландгӯи гунг,
Чун забони ман аз сухан монад.
Зиндаи ҷовидон? Чи варсоқист!
Он суханҳо кай аз даҳан монад?
Чанбари гул ба рӯи турбати ман
Нӯшдорую марги Суҳроб аст.
Дар дили ман чаман-чаман пажмурд
Чанбаре, ки ҳанӯз шодоб аст.
Аз дурӯғи шумо дилам бигрифт,
Бандаро кушт ваъдаҳои дурӯғ.
Охирин илтимос: дар сари хок
Кам навозед пардаҳои дурӯғ.
Гар бихоҳед розӣ хуспам ман,
В-ар шумо з-одамӣ нишон доред,
Шоироне, ки баъди ман оянд,
Дар сари вақт посашон доред.
Мурдаам ё ки зинда хоҳам буд,
Аз лаби рӯду чашмаҳо пурсед.
Аз ҳама ганҷи синаи куҳҳо
Мурдаам ман ва ё шумо, пурсед!
Ман набудам бузургу олитабъ,
Лек чанде ишораҳо кардам.
Нарасидам ба манзили хуршед,
Илтиҷо аз ситораҳо кардам.
Нарасидам агар ба қуллаи кӯҳ,
Пеши ӯ ман суҷуд овардам.
Ахтари нав наёфтам дар шеър,
Дар дилам ҳар чӣ буд, овардам.
Шеър гуфтам на аз барои худам,
То ба қадрам раседу бинвозед.
Шеър гуфтам барои он, ки шумо
Қадри худро дуруст бишносед... [1988]
|