МАН ҒАРИҚАМ...
Ман ғариқам, Ду соҳили уммед – Он яке мекашад ба соҳили чап, В-он дигар мекашад ба соҳили рост. З-ин “муҳаббат” ду дасти ман аз тан Мекананд он ду қотили уммед. Ҷисми ман меравад ба дарёе, Ки наёрад ба ёд дунёе...