Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
menu

Poets of the classics

The corps of Rudaki
The corps of Mavlono
Shohnomai Firdavsi
Saadi Sherozi

Modern poets

The corps of Loiq Sherali
Mumin Qanoat
Habibullo Fayzullo
Seacrch

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
The book manual
www.termcom.tj
Accept as a begin page
To lead in selected list
About our site
Please, write to us!
 


1941 - 2000


Рӯзҳо мегузаранд

ЁДЕ АЗ БАЧЧАГӢ

Бачча будам. Баҳор мавсими тӯл
Гарчи майлам набуд чӯпонӣ,
Бо чи шавқу талош мерафтам
Фориғи дарс гӯсфан(д)бонӣ,

То даме гул бичинам аз ёла,
Гули кӯҳӣ ба модарам орам.
Ҳамраҳи барраҳо давам ҳар сӯ,
Барраро рӯи даст бардорам;

То даме дар фарози куҳсорон
Тармаҷоро ба чашми худ бинам.
Кокули обшорро бофам,
Сари шах бо хаёл биншинам...

Рӯзе аз рӯзҳо пас аз борон
Шуд ҳаво офтобу абр гурехт.
Гӯӣ борону тобиши хуршед
Дурру марҷон ба рӯи дашт бирехт.

Мечариданд барраҳо озод
Ҷаъдмӯ, ширбоз, бозигар.
Мечариданд мешҳо хуррам
Рӯи дашти фарох сабзаи тар.

Меше як сӯ ба меҳр мелесид
Барраашро, ки буд навзода.
Барра ҷон мегирифту метобид
Ҷаъди мӯяш маҳину озода.

Ногаҳ аз осмон фуруд омад
Каргасе, барраро ба чанг рабуд,
Меш як қад париду наъра кашид,
Ки магар ранҷи ман барои ту буд?!

Каргас андар фазо ҳамепаррид,
Сояаш медавид рӯи замин.
Медавид аз қафои он соя
Меш бо қаҳру бо дили ғамгин.

Соя он қадр дуртар мерафт,
Аз паяш меш он қадар метохт.
Дарнамеёфт сояро гарчанд,
Он қадар тезу тундтар метохт.

Медавидам ман аз қафои меш,
Ки чаро медавӣ, надорад суд.
Барраи ту ба чанги каргас шуд,
Сояи ӯ туро наёрад суд...

Меши бечора боз ҳам метохт,
То бигирад зи соя барраи худ.
Вартае пеш омаду соя
Уфтоду ба варта пинҳон шуд.

Меш бошаст аз паи соя
Аз сари варта хешро афканд.
Аз паяш омадам (чӣ қурбонӣ!)
Меш дар қаъри варта ҷон меканд.

Чашмҳо нимабоз бечора
Мебаровард аз ҷигар ово.
Аз паи баррачеки навзодаш
Ҷони ӯ мепарид сӯи само...

Сари бора нишастаму бехуд
Он қадар ҳой-ҳой гирйистам,
Барраҳои дигар куҷо рафтанд,
Ё чи сон шом шуд, надонистам.

Чун ба худ омадам, гумон кардам
Зери ин осмони бепарво
Каргас он рӯз ҳамраҳи барра
Гӯиё бурд баччагии маро...

[1976]

 
new articles
The future of Tajikistan
General base of development of National Language.
General principle of agreement.
Language of Science and National Literary Language.
The problem of standartizatsion.
National Language is basical element of Statebuilding.
Our friends
www.cit.tj - School information and telecommunications technologies
Babilon-T
Children’s Fond «Oshyoni Baland» by name of Mirzo Tursunzoda
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Republic of Tajikistan, Dushanbe city, х. Rudaki 33
tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj