|
Рӯзҳо мегузаранд
* * * Дилам парвоз мехоҳад,
Ба ҳар ҷое, ки раҳ дорад хаёли ман
Дилам парвоз мехоҳад.
Дилам, дар ҳар чӣ мебинам ба чашми дил,
Зи нав оғоз мехоҳад.
Дилам бисёр мехоҳад, ки ман бо ақли имрӯзӣ
Ҳама он шеърҳои гуфтаамро аз дигар гӯям.
Ҳар он роҳе, ки сӯи манзилам бурдаст,
Зи нав ёбам, зи нав ҷӯям.
Дилам бисёр мехоҳад,
Ки бар ҳар ваъдагаҳ бори дигар оям.
Ва он дилбар саропо ғарқ андар хандаи саршори мастона
Ба сӯям болафшон чун малак аз осмон ояд,
Ҳарири болҳояш бар дарахту бомҳои шаҳр дармонад,
Вале ӯ аз фазои пурғубори шаҳр
Чунон ки дар ҷавонӣ буд,
Ба сӯям ногаҳон ояд,
Ҷавон ояд...
Дилам бисёр мехоҳад,
Ки ҳар ишқе, ки варзидам,
Зи нав варзида бошам бо дили дардошнои хеш.
Зи нав шӯрида бошам ман,
Зи нав аз шодии дидорҳо ларзида бошам ман,
Зи нав андар гуноҳи ошиқӣ ҷӯлида бошам ман.
Ба он азме, ки дигар дар муҳаббат бехато бошам,
Зи нав такрор созам он ҳама саҳву хатои хеш.
Дилам бисёр мехоҳад,
Ки боре бозгардам бар ҷаҳони бесариҳоям,
Равам бар хонаи он ҳамдеҳони худ,
Ки бо санги камонғӯлак шикастам шишаҳошонро,
Равам, то маъзарат хоҳам,
Равам, то мағфират хоҳам.
Дилам бисёр мехоҳад,
Ки боре бозгардам бар ҷаҳони кӯдакиҳоям
Равам бар лонаи он мурғакони бепаноҳи пуштаю шахҳо,
Барам он байзаҳои аз хато дуздидаи худро,
Ки зери боли модарҳояшон тарканд,
Ки рӯяд болашон дар зери боли шафқати модар,
Вагарна иттифоқо чун шикасте оядам дар раҳ,
Вагарна дар куҷо уммеди парвозам шавад кӯтаҳ,
Ба ёдам лонаи он мурғакони бепаноҳ ояд...
Дилам бисёр мехоҳад,
Ки боре бозгардам бар ҷаҳони кӯдакиҳоям,
Ки аз нав модарамро хандарӯ бинам,
Ба ӯ гӯям, ки эй модар, ба ёдат ҳаст,
Замони кӯдакӣ гоҳе ба беморӣ задам худро,
Ки то донам дилат бар кӯдаки бемор месӯзад, намесӯзад.
Ба рӯи бистарам гирйиста будӣ,
Худоёнро тавалло карда будӣ...
Кунун аз ростӣ беморам, эй модар,
Куҷоӣ ту, куҷоӣ ту.
Ман аз ту розиям, то зиндагонӣ ҳаст,
Магар аз ман ризоӣ ту?
Дилам дар ҳар чӣ кардам дар мурури умри кӯтоҳам
Зи нав оғоз мехоҳад.
Дилам андар фазои зиндагии рафта аз дастам
Зи нав парвоз мехоҳад,
Чунон парвоз мехоҳад,
Ки гӯӣ ман на дар рӯи замини пургунаҳ бошам,
Ки гӯӣ ман шабаҳ бошам... [1980]
|