Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
menu

Poets of the classics

The corps of Rudaki
The corps of Mavlono
Shohnomai Firdavsi
Saadi Sherozi

Modern poets

The corps of Loiq Sherali
Mumin Qanoat
Habibullo Fayzullo
Seacrch

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
The book manual
www.termcom.tj
Accept as a begin page
To lead in selected list
About our site
Please, write to us!
 


1941 - 2000


Рӯзҳо мегузаранд

ХУШКРӮД

Хушкрӯди зормонда зери гардун!
Соҳилонат як замон пуроб буданд.
Дар дили ту чун фурӯғи зиндагонӣ
Ахтарон дар ҳалқаи маҳтоб буданд.

Бӯсаҳои обдори мавҷҳо
Об медоданд лабҳои туро.
Ахтарон дар шишаи оби зулол
Нур медоданд шабҳои туро.

Рӯи обат обрӯе доштанд
Ошиқон бо дилбарон заврақсавора,
Қаҳқаҳи гулдухтарон чун қаҳқаҳи амвоҷи ту
Мерасид аз ҳар канора.

Хушкрӯди зормонда!
Оби ту аз бар гузашта?
Ё мисоли саргузаштат
Қатра-қатра обҳо аз сар гузашта?

Соҳилонат чордеворанд бекас,
Чордеворе, к-аз он ҷо соҳибонаш кӯч баста.
Монда чун гаҳвораи бетифл он деворҳо
Ёд меоранд аз дидорҳо.

Ҳамчу дарёи дили шоир ту ҳам вақте
Пур аз туғёну тӯфону тарокум будаӣ.
Пур зи ларзиш,
Пур зи шӯриш,
Пур зи ташвишу талотум будаӣ.

Лек акнун
Холӣ мондӣ
Чун дили шоир, ки гуфта шеърҳояшро саросар,
Ҷумла тӯфону талотумҳои дарёи дилашро
Монда дар девону дафтар, рафт аз ин даҳри дудар...

Хор мондӣ,
Зор мондӣ ҳамчу оғӯши тиҳӣ,
Аз канорат ёр рафта.
Обҳо аз синаи ту
Ҳамчу ашк аз чашми ғамбемор рафта.

Бо лаби хушку дили беишқу оғӯши тиҳӣ
Оҳ мегӯӣ ба сӯи осмон:
Ёд бод он обҳои даргузашта,
Ёд бодо саргузашти аз дилу аз сар гузашта...

Ҳамчу чашме, ки зи гиря
Хушк гашта ашкдонаш,
Ту намегирйӣ,
Вале мегирйӣ аз андӯҳи афзун.
Мешиносам ман туро,
Хушкрӯди зормонда зери гардун!

[1987]

 
new articles
The future of Tajikistan
General base of development of National Language.
General principle of agreement.
Language of Science and National Literary Language.
The problem of standartizatsion.
National Language is basical element of Statebuilding.
Our friends
www.cit.tj - School information and telecommunications technologies
Babilon-T
Children’s Fond «Oshyoni Baland» by name of Mirzo Tursunzoda
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Republic of Tajikistan, Dushanbe city, х. Rudaki 33
tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj