|
Рӯзҳо мегузаранд
ДАСТИ ХУД Устоде доштам, ёдаш ба хайр!
Устоди аввалини мактабӣ.
Устоде, ки маро иршод кард
Дар талоши ҳар муроду матлабе.
Устоде буд аз аҳли румуз,
Устоде буд бечуну чаро.
Гарчӣ ҳоло нуктае дар ёд нест
Аз сабақҳои китобияш маро,
Як сабақ мондаст дар ёдам ҳанӯз
Аз ҳама рамзу ишоратҳои ӯ.
Як киноя, як табассум, як назар
Аз ҳама панду насиҳатҳои ӯ.
Қубҳи кирдори маро ҳар гаҳ чу дид,
Хандарӯ меомад ӯ бар сӯи ман.
Дошта аз банди дасти ростам
Мезад ӯ бо дасти ман бар рӯи ман...
Ӯ ба ман ҳарфе намезад баъд аз он,
Нармрӯ мерафт пушти кори хеш.
То ба худ андешаму мизон кунам
Ҳусну қубҳи хеш аз кирдори хеш.
Устоде доштам, ёдаш ба хайр,
Худҷазоиро ба мо дархост кард.
Рафту андар ин ҷаҳони каҷниҳод
Роҳи моро, дасти моро рост кард.
Баъд аз ӯ дар ҷодаҳои зиндагӣ
Бар муроди хеш ё бар қасди хеш
Баҳри ҳар ҷурму гуноҳи хештан
Бар сари худ мезанам бо дасти хеш.
Устоде доштам, ёдаш ба хайр,
Қатъ кард ӯ роҳи ҷустуҷӯи хеш.
Лек ман то ҳол аз ҳар лағзише
Мезанам бо дасти худ бар рӯи хеш... [1988]
|