|
Рӯзҳо мегузаранд
* * * Ҷавониям –
Баҳори зиндагониям
Чу айёми гулафшони ғазал бигзашт.
Ҷавониям ба риндиҳо, ба мастиҳо,
Пур аз доғи дил аз зебопарастиҳо
Ба рӯи даст девони ғазал бигзашт.
Ҷавониам бурун аз ҳадди афсона
Фидои ҷилваи ҳусни худоёна
Ба номи неки гӯянда чу поёни ғазал бигзашт.
Чӣ гӯям беш аз ин дигар,
Агар гӯям, ки бо фарёди исёнгар
Ҷавониям чу даврони ғазал бигзашт?.. [1994]
|