|
Шеъри рӯз
САТРҲОИ НОТАМОМ Ба хотираи шоири ҷанговар
Ҳабиб ЮсуфӣСатрҳои нотамому хомаи навпайзада
Монд бесоҳиб...
Дар оғози ҳаёт
Роҳҳо дигар шуданд,
Он гаҳ расид,
Ки шавад уммед анбози ҳаёт.
Он, ки дар дил дошт тӯфони сухан,
Он, ки меҷӯшиду дастон менавишт.
Он, ки бо сӯзи тамому меҳри пок
Мадҳи хубон, васфи ёрон менавишт.
Он, ки буд умри ҷавонияш қасам,
Дошт савганди муқаддас бар забон,
Ёфт майдоне, ки ҳатто андар он
Гум шудан ҳам нест беному нишон.
Ёфт вақте ки ба номи зиндагӣ
Лаҳзаи он мешавад умри абад.
Ёфт қабре, ки аз он баҳри ҷавон
Рӯзгори ҷовидон сар мешавад.
Рафт ӯ аз худ бурун дар як нафас,
Тангно не, вусъатободе бихост.
Рафт сӯе, ки нагирад ҳеҷ кас
Бо дуруду бо сурудаш пешвоз.
Рафт...
Аммо аз раҳи худ барнагашт
Бар қафо чун офтоби кишвараш.
Рафт ҳамчун рӯдҳо баҳри ҳаёт,
Бар сипоси шири поки модараш.
Сатрҳои нотамому хомаи навпайзада.
Монд бесоҳиб...
Ҳама шеъру суруд
Дар забону дар дилу дар роҳ монд,
Рӯз бегаҳ ношуда ҷовид шуд. июли 1964
|