|
Шеъри рӯз
* * * Дар Хиросимаю Нагасаки
Чун фиканданд бомбаҳои гарон
Даст бар сар ҳамезад аз ҳайрат,
Даст бар сар ҳамезад аз нафрат
Эншитейн – он ягонаи даврон.
Даст бар сар ҳамезаду мегуфт,
К-ин ҳама кори одамизоданд...
Гӯӣ он бомбаҳои марговар
Ба Нагасакию Хиросим не,
Ба сари Эншитейн афтоданд... [1982]
|