|
Шеъри рӯз
ЗАМИНЛАРЗА Имшаб ҳама деворҳо
Ларзид аз озорҳо.
Гӯё ки ҷони одамон
Ованг шуд дар дорҳо.
Имшаб замин шӯрида буд,
Дар дарду ғам жӯлида буд.
Аз нобасомонии хеш
Чун мо ба худ печида буд.
Қаҳри худовандаш гирифт
То банд дар бандаш гирифт.
Қавми қасамбишкастаро
Бишкаста савгандаш гирифт.
Имшаб деҳе дар хок рафт,
Аз гардиши афлок рафт.
Идроки олам, ки надошт,
Аз олами идрок рафт.
Дунёи худ нодида рафт,
Аз хеш н-андешида рафт,
Он деҳ, ки бедорӣ надошт,
Хобида буд, хобида рафт.
Бар теппае дар раҳгузар
Бар мадфане кардам назар,
Пиндоштам он теппаро
Як теппаи доғи ҷигар.
Пиндоштам он ҷо манам,
Бо шеъри девонҳо манам,
Бо гӯри ғофилмаргҳо,
Бо марги армонҳо манам.
Пиндоштам поёни умр,
Поёни сад дастони умр,
Пиндоштам бо ашку хун
Дар домани даврони умр
Ангораи ман хок шуд,
Як пораи ман хок шуд.
Як пораи ман ҳеҷ нест,
Гаҳвораи ман хок шуд... [1989]
|