|
Шеъри рӯз
МИНБАРИ КОММУНИЗМ Минбари холӣ, вале пур аз рақам,
Минбари олӣ, вале пур берамақ,
Пур сабақ омӯхтӣ торихро,
Ҳеҷ аз торих н-омӯхтӣ сабақ.
Яккатозу якказору яккахор
Осмонҷӯи замингирӣ, дареғ.
Комунизми ту – ҷавонии ҷаҳон,
Лек бетадбиру бепирӣ, дареғ.
Рӯи оламро гирифӣ гӯиё
Рӯи одaмро надидӣ кӯрвор
Рӯй меорӣ кунун бо сад ниёз
Сӯи ҳар мулке ба дӯшат кӯлвор.
Ҷони “ғоя” мояи мардум рабуд,
Ҷони “ғоя” хурд молу ҷони халқ
Ҳар шикасте бар ту меояд, сазоест,
Чун шикастӣ қалъаи имони халқ.
Кардӣ ворун мактаби торихро,
Мактабат шуд мактаби бемактабӣ.
Рахна чун бар мазҳаби мардум задӣ,
Сӯи бесӯит шуд бемазҳабӣ.
Ман намедонам чӣ андарзат диҳам,
Ман намедонам чӣ бояд карданат.
Ин қадар донам, ки дар саҳни вуҷуд
Хуни милёнҳост гирад гарданат.
Ман намедонам чӣ душномат диҳам,
Гӯямат ин нуктаи борикро –
Беш аз ин коре накардӣ дар ҷаҳон:
Хор кардӣ миллати тоҷикро... 12.07.1991
|