Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
محتوای سایت

شاعران کلاسیک

پیکرة رودکی
پیکرة مولانا

شاعران مدرن

پیکرة لایفق شیرعلی
جستوجوی

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
اندرز ها
بی عظم دروست و سعی کامل،
کسرا نشود مراد حاسیل.
سعدی
www.termcom.tj
همچون صحیفة شروع پذیرفته شود
به روی خت شبکه انتخاب شده (دوست داشته) داخل نمودن
در بارة سایت
به ما نویسید
 

پیکرة لایق شیر علی
1941 - 2000


Шеъри рӯз

МАРСИЯИ ҶАМШЕД

Дар сӯгвории пизишки ҷавон Ҷамшед Осимӣ,
ки аз тири қотилон кушта шуд ва дар
таслияти қиблагоҳи ӯ донишманди покнасаб
Аслиддин Осимӣ, ки бар банда зиёда ҳаққи
бародарӣ доранд.

Куштандат, о ҷону ҷигар, эй ҷашну суру иди ман,
Куштандат, о нури басар, эй бар замон тамҳиди ман,
Эй фахри ман дар зиндагӣ аз диду аз нодиди ман,
Хоки ду олам бар сарам, бар ин сари испеди ман.

Куштандат, о Ҷамшеди ман, Ҷоми Ҷами уммеди ман,
Эй андар ин зулматсаро маҳтоби ман, хуршеди ман.

На хотире ранҷондаӣ, на бар касе бад кардаӣ,
На ҳаққи мардум хурдаӣ, на моли мардум бурдаӣ,
Ҳатто дили як мӯрро н-афсурдаӣ, н-озурдаӣ,
Бояд бимиранд ин сагон, боре чаро ту мурдаӣ?

Куштандат, о Ҷамшеди ман, Ҷоми Ҷами уммеди ман,
Эй андар ин зулматсаро маҳтоби ман, хуршеди ман.

Қуте агар ҳам хурдаӣ, ғамҳои мардум будааст,
Дарду ғами имрӯзаву фардои мардум будааст,
Дар синаи дардошноят ҷои мардум будааст,
Чун ҳафт пуштат аз азал малҷои мардум будааст.

Куштандат, о Ҷамшеди ман, Ҷоми Ҷами уммеди ман,
Эй андар ин зулматсаро маҳтоби ман, хуршеди ман.

Будӣ табиби покҷон байни ғубору гардҳо,
Будӣ табиби содадил бар кулли гарму сардҳо,
Будӣ табиби мардҳо, номардҳо ё мардҳо?...
Будӣ табиби мардҳо! Куштандат ин номардҳо...

Куштандат, о Ҷамшеди ман, Ҷоми Ҷами уммеди ман,
Эй андар ин зулматсаро маҳтоби ман, хуршеди ман.

Тире, ки зад бар синаат, бар мағзи ҷони ман расид,
Тире, ки зад бар синаат, бар синаи меҳан расид,
Зеро камон бар қабзаи бедонишу бефан расид,
Зеро камон андохтан бар зумраи кавдан расид.

Куштандат, о Ҷамшеди ман, Ҷоми Ҷами уммеди ман,
Эй андар ин зулматсаро маҳтоби ман, хуршеди ман.

Ёраб, ту огоҳӣ аз ин пешомади ногоҳи ман,
Ёраб, бубин ҳоли ману ин қабзаи кӯтоҳи ман,
Ёраб, шунав рӯзу шабон ин нолаи ҷонкоҳи ман,
Бар синаи қотил бизан шамшеру тири оҳи ман!

Куштандат, о Ҷамшеди ман, Ҷоми Ҷами уммеди ман,
Эй андар ин зулматсаро маҳтоби ман, хуршеди ман!

3.02.1994 – Бемористон

 
مقاله های آخرین
آیندة تاجیکستان
پایه های گستریش زبان ملّی.
قائده های سزیش.
زبان علمی و زبان ادبئ ملّی.
مسعله های استاندارت سازی .
زبان رکن اساسی ترین دولتداری اس .
دوستان ما
www.cit.tj- مکتب تکنلوژیه های اطلا عاتی و ارتباطی
ج س ت پ ببلان- ت
خزینة کودکان «آشیان بلند» به نام میرزا تورسون زاده
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj جمهرئ تاجیکستان، شهر دوشنبه، خیابان رودکی ۷۶۴۰۲۵