Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Мӯҳтавои сайт

Адибони классик

Пайкараи Рӯдакӣ
Пайкараи Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Саъдии Шерозӣ

Адибони муосир

Пайкараи Лоиқ Шералӣ
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Ҷустуҷӯ

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Андарзҳо
Дона чун андар замин пинхон шавад,
Сирри у сарсабзии бустон шавад.
Мавлоно
www.termcom.tj
Ҳамчун саҳифаи шурӯъ пазируфта шавад
Ба руйхати интихобшуда (дӯстдошта) дохил намудан
Дар бораи сайт
Ба мо нависед!
 


Авалин пайкараҳои забони тоҷикӣ

Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамкории Мактаби технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ «Фалакро сақф бишкофта, тарҳе дарандохтанд». Бори аввал пайкараи миллии забони тоҷикӣ тарҳрезӣ ва бунёд мегардад. Эчоди пайкараи (корпуси) забони тоҷикӣ бар пояи на камтар аз 10 миллион вожаи матнҳои тоҷикӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ба андешаи созандагони пайкараи миллии забони тоҷикӣ дар он пеш аз ҳама матнҳое ҷойгир мешаванд, ки намоёнгари забони фаоли муосири тоҷик ҳастанд. Ба пайкара матнҳои гуногун, ки қариб ҳама паҳлуҳо ва ҳавзаҳои фаолияти забони муосирро дар бар мегиранд, дохил мешаванд:

  • намунаи матнҳои осори маъруфтарин ва маҳбубтарин адибони классики тоҷик (Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Хайём, Ҳофиз, Румӣ ва ғ.)
  • насру назми жанрҳои гуногун адабиёти муосир
  • матни ба эфир паҳншудаи барномаҳои радио и телевизиони тоҷик
  • матни рӯзномаҳо ва ахбор
  • матни маҷалаҳо
  • матнҳои илмӣ ва илмӣ-оммавӣ
  • матнҳои таҳсилӣ
  • матнҳои расмӣ-идорӣ ва ҳуқуқӣ
  • матнҳои луғоту фарҳангҳои маъруфи тоҷикӣ ва дузабона
  • матнҳои маишӣ (номанигорӣ, муошират ва ғ.)

Матнҳо дар ҳаҷму андозае дар пайкара гирдоварӣ мешаванд, ки ба саҳми онҳо дар маҷмӯи воҳиди матнҳои имрӯз мутаносибан асар доранд. Руйхати таркибу мундариҷаи пайкарасозии оварда ба ба шакку шубҳа оиди мувозинат ва намоёнгарии пайкараи милли забони тоҷикӣ ҷое намегузорад.

Чун ин тарҳ корест- миллӣ, маслиҳату машварати мутаххасисони некбину некухоҳ бамаврид ва боиси ифтихору сипосгузорист. Бораи шиносоии бештар бо раванд ва марҳилаҳои амалисозии ин падида ва ширкати бевосита дар он пайваста бо сайтҳои cit.tj ва termcom.tj метавонед дар тамос бошед.

Пайкараи Рӯдакӣ
rudaki Бори аввал дар таърих пайкараи маликушшуаро Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ дар шабакаи ҷаҳонии Интернет ҷойгир шудааст. Ин пайкара он пайкарае нест, ки онро дар майдон ё хиёбон бубинед. Асоси ин пайкараро мутуни абёти устод Рӯдакӣ ташкил медиҳад. Дар ин падидаи фарҳангӣ бо дастовардҳои технологияҳои. . . . бештар>>

Пайкараи Лоиқ Шералӣ
Ло Устод Лоиқ Шералӣ шоири бузурги муосири тоҷик 20 майи соли 1941 дар деҳаи Мазори Шариф воқеъ дар шаҳристони Панҷекати Тоҷикистон зода шудааст. . . . бештар>>

Пайкараи Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Бемуҳобо, Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ (1207 – 1273) аз абармардони фарҳанги бостони тамоми форсизабону ориёнажодони ҷаҳон ва ҳамтабору ҳамқатори сазовори нобиғагони шеъри волоиёри форсии дарии тоҷикӣ буда, ба ҳайси бузургтарин суханвари мутасаввифи адабиёти деринасоли. . . . бештар>>

 
Мақолаҳои охирин
Озмуни сомонаи беҳтарин бахшида ба 100 солагии Мирзо Турсунзода
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Дӯстони мо
www.cit.tj - Мактаби технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ
ҶСТП Babilon-T
Хазинаи кӯдакони 'Ошёни баланд' ба номи МирзоТурсунзода
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе х. Рӯдакӣ 33 tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj