Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
menu
News
History of committee
Action of committee
The committee workers
Lexicograhpy
Articles
Seacrch

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
The book manual
www.termcom.tj
Accept as a begin page
To lead in selected list
About our site
Please, write to us!
 

 Таърихи мухтасари кумитаи истилоҳоти Тоҷикистон

       Кумитаи истилоҳоти Тоҷикистон таърихи беш аз 70-сола дорад. 11 июни соли 1933 Қарори Кумитаи Иҷроияи Марказии Шӯроҳои Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқ намудани Қонун дар бораи Кумитаи Марказии Алифбои нави тоҷикӣ» ба тасвиб расид. Соли 1935 бо Қарори КИМ Шӯроҳои ҶСШ Тоҷикистон дар заминаи ҳамин Кумита Кумитаи Марказии Алифбои нав ва терминология (истилоҳот) таъсис ёфт. Ин Кумита чор шӯъба дошт ва як шӯъбаи вай ба масъалаҳои луғат ва истилоҳот машғул буд.
       Кумитаи мазкур соли 1936 дастуруламалеро бо номи «Установкаи терминологияи забони тоҷикӣ» қабул кард, ки усулан принсипҳои асосии истилоҳоти забони тоҷикиро то солҳои ҳафтодуми садаи 20 муқаррар намуд. Дастуруламали мазкур, ки дар рӯҳияи сиёсати давр таҳия шуда буд ва ҷанбаи илмии заиф дошт, забони модариро аз маҷрои табиии рушд берун кард ва дар роҳи пешрафти забон то андозае монеа эҷод намуд.
       22 июни соли 1960 бо қарори Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон (рақами 276) аз нав Комитети терминология (Кумитаи истилоҳот) дар назди Риёсати АИ таъсис гардид. Кумитаи Низомномаи фаъолияти худро таҳия кард, ки он 6 сентябри соли 1961 аз тарафи Риёсати Академияи илмҳо тасдиқ шуд. Ин Кумита аз 21 узви ҳақиқӣ, Раис, ду муовин, 4 аъзои Кумита ва ҳайати корӣ иборат буда, нашрияи худ («Бюлетени терминологӣ»)-ро дошт. Кумита дастуруламалеро бо номи «Принсипҳои асосии терминологияи забони тоҷикӣ» (1971) таҳия намуд ва дар фаъолияти худ аз вай истифода мекард.
       Соли 1979 ин Кумита барҳам хурд ва дар ҳайати Институти забон ва адабиёти Рӯдакӣ Шӯъбаи истилоҳот ва маданияти сухан таъсис ёфт, ки таҳияву танзими истилоҳот ба зиммаи ҳамин шӯъба вогузор шуд.
       Дар таърихи 12 сентябри соли 1990 Кумитаи истилоҳоти назди Риёсати Академияи илмҳои Тоҷикистон бо фармоиши Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (таҳти рақами 314) муҷаддадан таъсис ёфт. Ин фармоиш доираи ҳуқуқ ва салоҳиятҳои Кумитаро афзун кард ва иҷрои қарору дастурҳои вайро дар масъалаи истилоҳот ва истилоҳгузинӣ барои ҳамаи вазорату идора ва ташкилоту созмонҳои қаламрави Тоҷикистон ҳатмӣ муқаррар намуд. Донишманди шинохта академик Муҳаммадҷони Шакурӣ Раиси Кумита ва олимони варзидаи соҳаҳои мухталифи илму фан, арбобони илм ва дигар бузургони миллат, аз қабили шодравон Муҳаммади Осимӣ, шодравон Лоиқ, шодравон Ҳабибулло Саидмуродов, шодравон Раззоқ Ғаффоров, Шарофиддин Рустамов, Абдулқодир Маниёзов, Мусо Диноршоев, Ҷумъабой Азизқулов, Ғаффор Ашӯров, Саидҷаъфари Қодирӣ ва диг. ба узвияти Кумита баргузида шуданд. Барои кор дар ҳайати Кумита Сайфиддини Назарзода, Мирзо Ҳасани Султон, Ҳасани Ёрзод, Саидаҳмади Қурбон, Илҳомҷон Ҳоҷиев, Юсуфи Акбарзода, Салмон Ҷамолов, Саидҷаъфари Қодирӣ, Мақсуди Ҳоҷимуҳаммад ҷалб гардиданд.
       Фаъолияти ин Кумита дар ибтидо то сар задани ҷанги шаҳрвандӣ ва нобасомониҳои кишвар бисёр пурсамар ва муассир буд. Истилоҳоти иҷтимоиву сиёсӣ ва соҳаҳои дигари илму фан тадриҷан танзим меёфт.
       Кумитаи истилоҳот барои аксари вазоратхонаву идораҳои кишвар истилоҳномаҳои кору фаъолият омода карда, барои истифода ба онҳо пешниҳод намуд. Якчанд фарҳангу луғатнома ва китобу дастур, аз ҷумла: «Фарҳанги истилоҳоти коргузорӣ», «Луғати истилоҳоти савдо», «Фарҳанги истилоҳоти иншооти обёрӣ», «Луғати мухтасари истилоҳоти коргузории Иттиҳодияи «Борҷома»», «Луғати мухтасари даҳонпизишкӣ», «Луғати истилоҳоти иқтисодӣ», «Вожаномаи роҳи оҳан» ва ғ. бо тасвиби Кумита ба чоп расиданд. Нақши Кумитаи истилоҳот дар номгузории корхонаву муассисаҳои кишвар низ назаррас аст. Бештари номҳои зебову хушоянди корхонаву муассисаҳо, аз ҷумла: «Рангинкамон», «Мадад», «Нафтрасон», «Ориёнбонк», «Тоҷиксодиротбонк», «Рухом», «Хоноро», «Нурафзо», «Ҳусноро», «Моҳипарвар», «Санадвора», «Борҷома» ва диг. аз пешниҳодоти Кумитаи истилоҳотанд.
       Баъди ба эътидол омадани вазъи сиёсӣ ва сулҳу субот дар кишвар Кумитаи истилоҳот аз соли 2000 бо роҳбарии Сайфиддини Назарзода дигарбора ба фаъолияти пурсамар шурӯъ кард. Фарҳангу луғатнома ва китобу рисолаҳое аз қабили «Луғати истилоҳоти ҳарбӣ», «Луғати истилоҳоти соҳаи энергетика», «Истилоҳоти илмии «Китоб ут-тафҳим»-и Абӯрайҳони Берунӣ» (таълифи Мирзо Ҳасани Султон), «Забон ва истилоҳот» (таълифи Сайфиддини Назарзода), «Ташаккули истилоҳоти иҷтимоӣ-сиёсии забони тоҷикӣ дар садаи 20» (таълифи Сайфиддини Назарзода), «Мушкилоти забони илм» (таълифи Мирзо Ҳасани Султон) ва ғ. таълиф, тасвиб ва нашр гардиданд. Соли 2003 Раиси Кумитаи истилоҳот Президенти АИ ҶТ Ӯ. Мирсаидов ва муовини раис Сайфиддини Назарзода таъйин гардиданд. Аз моҳи арпели соли 206 Раисии Кумитаро Толиби Розӣ ба зимма дорад. Умед аст зери сарпарастии Президенти Академияи илмҳои ҶТ М. Илолов ва Толиби Розӣ ҳамкорони Кумита анъанаи неки ибтидои солҳои 90-и садаи 20 ва пешиниёни Кумитаро идома медиҳанд.
 
new articles
The future of Tajikistan
General base of development of National Language.
General principle of agreement.
Language of Science and National Literary Language.
The problem of standartizatsion.
National Language is basical element of Statebuilding.
Our friends
www.cit.tj - School information and telecommunications technologies
Babilon-T
Children’s Fond «Oshyoni Baland» by name of Mirzo Tursunzoda
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Republic of Tajikistan, Dushanbe city, х. Rudaki 33
tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj