|
|
|
|
|
|
|
|
|
Шоирони ҳамасри Рӯдакӣ |
|
|
АБӮҲАФСИ СУҒДӢАбӯҳафс Ҳаким ибни Аҳвас – мухтареи сози мусиқии шаҳруд ва мусиқидону шоири охири асри IX ва аввали асри Х буд. Дар баъзе сарчашмаҳо ӯро аввалин шоири порсигуй шинохтаанд, вале чунин назар ҳақиқати таърихӣ ва далели мӯътамад надорад. Тибқи ахбори баъзе маъхазҳои адабӣ-таърихӣ Абӯҳафс асбоби мусиқии шаҳрудро дар соли 300 ё 307 ҳиҷрӣ (912-913 ё 919-920 милодӣ) сохтааст. Дар фарҳангҳо рисолаеро дар луғати форсӣ ҳам ба Абӯҳафки Суғдӣ нисбат додаанд. Ягона байте, ки аз ашъори Абуҳафс боқӣ мондааст, ин аст:
Оҳуи кӯҳӣ дар дашт чӣ гуна давадо, Чун надорад ёр, бе ёр чӣ гуна бувадо?!
| | | | | | | << Саҳифаи пештара | Мундариҷа | Саҳифаи дигар >>
|
|
|
|
|
|