|
Донистани он подшоҳи ҷуҳуд, ки насрониёнро мекушт аз баҳри таассубБуд шоҳе дар ҷуҳудон зулмсоз, Душмани Исову насронигудоз. Аҳди Исо буду навбат они ӯ, Ҷони Мӯсо ӯву Мӯсо ҷони ӯ. Шоҳи аҳвал кард дар роҳи Худо Он ду дамсози худоиро ҷудо. Гуфт устод аҳвалеро, к-андаро Рав, бурун ор аз вусоқ он шишаро. Гуфт аҳвал: «З-он ду шиша ман кадом Пеши ту орам? Бикун шарҳи тамом». Гуфт устод: «Он, ду шиша нест, рав, Аҳвалӣ бигзору афзунбин машав». Гуфт: «Эй усто, маро таъна мазан», Гуфт усто: «З-он ду якро даршикан». Чун яке бишкаст, ҳар ду шуд зи чашм, Мард аҳвал гардад аз майлону хашм. Шиша як буду ба чашмаш ду намуд, Чун шикаст ӯ шишаро, дигар набуд. Хашму шаҳват мардро аҳвал кунад, З-истиқомат рӯҳро мубдал кунад. Чун ғараз омад, ҳунар пӯшида шуд, Сад ҳиҷоб аз дил ба сӯйи дида шуд. Чун диҳад қозӣ ба дил ришват қарор, Кай шиносад золим аз мазлуми зор? Шоҳ аз ҳиқди ҷуҳудона чунон, Гашт аҳвал, к-ал-амон, ё раб, амон. Садҳазорон мӯъмини мазлум кушт, Ки паноҳам дини Мӯсорову пушт.
Страница 13/173 |