|
Талбиси вазир бо насороПас бигӯям ман ба сир, насрониям, Эй Худои роздон, медониям. Шоҳ воқиф гашт аз имони ман В-аз таассуб кард қасди ҷони ман. Хостам, то дин зи шаҳ пинҳон кунам, Он кӣ дини ӯст, зоҳир он кунам. Шоҳ бӯе бурд аз асрори ман, Муттаҳам шуд пеши шаҳ гуфтори ман. Гуфт: «Гуфти ту, чу дар нон сӯзан аст, Аз дили ман то дили ту равзан аст. Ман аз он равзан бидидам ҳоли ту, Ҳоли ту дидам, нанӯшам қоли ту. Гар набудӣ ҷони Исо чораам, ӯ ҷуҳудона бикардӣ пораам. Баҳри Исо ҷон супорам, сар диҳам, Садҳазорон миннаташ бар худ ниҳам. Ҷон дареғам нест аз Исо, валек Воқифам бар илми динаш нек-нек. Ҳайф меомад маро, к-он дини пок Дар миёни ҷоҳилон гардад ҳалок. Шукр Эзидрову Исоро, ки мо Гаштаем он кеши Ҳақро раҳнамо. Аз ҷуҳуду аз ҷуҳудӣ растаем, То ба зунноре миёнро бастаем. Давр даври Исӣ аст, эй мардумон, Бишнавед асрори кеши ӯ ба ҷон». Кард бо вай шоҳ он коре, ки гуфт, Халқ ҳайрон монда з-он макри ниҳуфт. Ронд ӯро ҷониби насрониён, Кард дар даъват шурӯъ ӯ баъд аз он.
Страница 15/173 |