|
|
|
|
|
|
|
|
|
Первая тетрадь |
|
|
Қабул кардани насоро макри вазирроСадҳазорон марди тарсо сӯйи ӯ, Андак-андак ҷамъ шуд дар кӯйи ӯ. ӯ баён мекард бо эшон ба роз, Сирри Ангалюну зуннору намоз. ӯ ба зоҳир воизи аҳком буд, Лек дар ботин сафиру дом буд. Баҳри ин баъзе саҳоба аз расул Мултамис буданд макри нафси ғул, К-ӯ чӣ омезад зи ағрози ниҳон Дар ибодатҳову дар ихлоси ҷон? Фазли тоатро наҷустандӣ аз ӯ, Айби зоҳирро биҷустандӣ, ки ку? Мӯ ба мӯву зарра зарра макри нафс, Мешиносиданд чун гул аз карафс. Мӯшикофони саҳоба ҳам дар он Ваъзи эшон хира гаштандӣ ба ҷон.
Страница 16/173 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|