|
|
|
|
|
|
|
|
|
Первая тетрадь |
|
|
Фаҳм кардани ҳозиқони насоро макри вазирроҲар кӣ соҳибзавқ буд, аз гуфти ӯ Лаззате медиду талхӣ ҷуфти ӯ. Нуктаҳо мегуфт ӯ омехта, Дар ҷулоби қанд заҳре рехта. Зоҳираш мегуфт: «Дар раҳ чуст шав» В-аз асар мегуфт ҷонро: «Суст шав». Зоҳири нуқра гар испед асту ну, Дасту ҷома месияҳ гардад аз ӯ. Оташ арчи сурхрӯй аст аз шарар, Ту зи феъли ӯ сияҳкорӣ нигар. Барқ агар нуре намояд дар назар, Лек ҳаст аз хосият дузди басар. Ҳар кӣ ҷуз огоҳу соҳибзавқ буд, Гуфти ӯ дар гардани ӯ тавқ буд. Мудатти шаш сол дар ҳиҷрони шоҳ Шуд вазир атбоъи Исоро паноҳ. Дину дилро, кул бад-ӯ биспурд халқ, Пеши амру ҳукми ӯ мемурд халқ.
Страница 20/173 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|