|
|
|
Поиск |
|
|
Воридшавӣ
|
|
Книга наставление |
Всевышний спас меня от горя, четыре качества мне дав:
Прославленное имя, разум, здоровье и хороший нрав.
Любой, кому даны всевышним четыре качества такие,
Пройдет свой долгий путь без горя, людских печалей не узнав.
Рудаки |
|
www.termcom.tj |
Сделать стартовой
Добавить в избранное
Пишите нам!
О сайте
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
Первая тетрадь |
|
|
Дар баёни он ки ин ихтилофот дар сурати равиш аст, не дар ҳақиқати роҳӯ зи якрангии Исо бӯ надошт В-аз мизоҷи хумми Исо хӯ надошт. Ҷомаи садранг аз он хумми сафо Содаву якранг гаштӣ чун сабо. Нест якрангӣ, к-аз ӯ хезад малол, Бал мисоли моҳиву оби зулол. Гарчи дар хушкӣ ҳазорон рангҳост, Моҳиёнро бо юбусат ҷангҳост. Кист моҳӣ? Чист дарё дар масал? То бад-он монад малик азза ва ҷал. Садҳазорон баҳру моҳӣ дар вуҷуд Саҷда орад пеши он икрому ҷуд. Чанд борони ато борон шуда, То бад-он он баҳр дуррафшон шуда. Чанд хуршеди карам афрӯхта, То ки абру баҳр ҷуд омӯхта. Партави дониш зада бар хоку тин, То ки шуд донапазиранда замин. Хок амину ҳар чӣ дар вай коштӣ Бехиёнат ҷинси он бардоштӣ. Ин амонат з-он амонат ёфтаст, К-офтоби адл бар вай тофтаст. То нишони Ҳақ наёрад навбаҳор, Хок сирҳоро накарда ошкор. Он ҷаводе, ки ҷамодеро бидод, Ин хабарҳо в-ин амонат в-ин сидод. Мар ҷамодеро кунад фазлаш хабир, Оқилонро карда қаҳри ӯ зарир. Ҷону дилро тоқати он ҷӯш нест, Бо кӣ гӯям? Дар ҷаҳон як гӯш нест. Ҳар куҷо гӯше буд, аз вай чашм гашт, Ҳар куҷо санге буд, аз вай яшм гашт. Кимиёсоз аст, чӣ бвад кимиё? Мӯъҷизабахш аст, чӣ бвад симиё? Ин сано гуфтан зи ман тарки саност, К-ин далели ҳастиву ҳастӣ хатост. Пеши ҳасти ӯ бибояд нест буд, Чист ҳастӣ пеши ӯ? Кӯру кабуд. Гар набудӣ кӯр, з-ӯ бигдохтӣ, Гармии хуршедро бишнохтӣ. В-ар набудӣ ӯ кабуд аз таъзият, Кай фусурдӣ ҳамчу ях ин ноҳият?
Страница 24/173 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|