|
Макри дигар ангехтани вазир дар излоли қавмМакри дигар он вазир аз худ бибаст, Ваъзро бугзошт, дар хилват нишаст. Дар муридон дарфиканд аз шавқ сӯз, Буд дар хилват чиҳил-панҷоҳ рӯз. Халқ девона шуданд аз шавқи ӯ, Аз фироқи ҳолу қолу завқи ӯ. Лобаву зорӣ ҳамекарданду ӯ Аз риёзат гашта дар хилват дутӯ. Гуфта эшон: «Нест моро бе ту нур, Бе асокаш чун бувад аҳволи кӯр? Аз сари икрому аз баҳри Худо, Беш аз ин моро мадор аз худ ҷудо. Мо чу тифлонему моро доя ту, Бар сари мо густарон он соя ту». Гуфт: «Ҷонам аз муҳиббон дур нест, Лек берун омадан дастур нест». Он амирон дар шафоат омаданд В-он муридон дар шаноат омаданд. К-ин чӣ бадбахтист моро, эй карим? Аз дилу дин монда мо бе ту ятим. Ту баҳона мекуниву мо зи дард Мезанем аз сӯзи дил дамҳои сард. Мо ба гуфтори хушат хӯ кардаем, Мо зи шири ҳикмати ту х(в)ардаем. Аллаҳ, Аллаҳ, ин ҷафо бо мо макун, Хайр кун имрӯзро, фардо макун. Медиҳад дил мар туро, к-ин бедилон Бе ту, гарданд охир аз беҳосилон? Ҷумла дар хушкӣ чу моҳӣ метапанд, Обро бугшо, зи ҷӯ бардор банд. Эй ки чун ту дар замона нест кас, Аллаҳ, Аллаҳ, халқро фарёд рас.
Страница 26/173 |